Дар ММТ соли 2016 барои таъмини шаффофият ва бехатарии раванди имтиҳонҳо назорати видеоӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ Ховар/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 барои таъмини шаффофият ва бехатарии раванди имтиҳонҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдори марказҳои имтиҳониро бо воситаҳои назорати видеоӣ ҷиҳозонида, раванди имтиҳонсупории довталабонро аз ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ сабт намуд. Инчунин барои мушоҳида кардани раванди имтиҳон аз ҷониби волидайн ва дигар шахсони довталабонро ҳамроҳикунанда аз ҳар синфхонаи имтиҳонӣ дар ҳар маркази имтиҳонӣ толори махсус ташкил шуда, раванди имтиҳонсупории довталабон ба таври мустақим тавассути экранҳо намоиш дода шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз шумораи умумии довталабони азқайдгузашта соли 2016 дар имтиҳонҳо 78327 нафарашон иштирок карданд, ки шумораи умумии довталабон 92,55 %- ро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи иштироки довталабон дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 0,91% ва нисбат ба соли 2014 3,21% зиёд аст.
«Дар соли 2016 Марказ бо мақсади шаффофу дастрас баргузор намудани имтиҳонҳо дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 43 маркази имтиҳонӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 15, ноҳияи Рашт 1, вилояти Суғд 11, вилояти Хатлон 14 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 маркази имтиҳонӣ ташкил кард. Шумораи марказҳои имтиҳонӣ соли 2016 нисбат ба соли 2015 2-то ва нисбат ба соли 2014 4-то бештар аст.»,- изҳор дошт манбаъ.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






