Дар ноҳияи Ашт нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба сокинон фаҳмонида шуданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба сокинони ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони Анҷумани «Пайванд» ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ гуфт, ки барои дар амал татбиқ кардани Паёми Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳо кӯшишу заҳматҳои худро равона сохта, барои пешгирии омилҳои номатлуб байни сокинон бояд тадбирҳои зарурӣ андешем.
Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Субҳон Кошонов нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр кард, ки ҷавонон қишри пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Бояд талош намоем, то ҷавонон ба сӯи гумроҳӣ нараванд ва миллату Ватани худро дӯст доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






