Дар ноҳияи Файзобод мусобиқаи «Сарбози ватан» баргузор гардид

Февраль 21, 2017 16:02

ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод даври минтақавии мусобиқаи ҳарбию варзишӣ таҳти унвони «Сарбози ватан» баргузор гардид. Дар мусобиқа хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод иштирок карданд.
Тавре мудири бахши ҷавонони ноҳия Ҷунайдулло Каримов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мақсади мусобиқа- тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлолият, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зиёд намудани шумораи ихтиёриён ва омодагии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

Февраль 21, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш