Дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид

Февраль 1, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиш ба муносибати аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо иштироки аҳли ҷамоати ноҳия баргузор гардид. Дар ҳамоиш Ҷамшед Табарзода, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, коршиносон аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро ба иштирокдорони ҳамоиш шарҳ доданд.
Коршиносон аз ҷумла зикр намуданд, ки пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардид. Он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
«Танҳо дар давраи солҳои 2005-2015 ба соҳаи оби кишвар зиёда аз 1,7 миллиард доллари ИМА равона карда шуда, сатҳи обтаъминкунии зиёда аз 1,5 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардонида шудааст.
Қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба рушди бештари ин соҳа мусоидат намуда, интизор меравад дар доираи он шаҳри Душанбе боз мизбони чандин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо иштироки сиёсатмадорону сармоягузорон ва олимону коршиносони ҷаҳон гардад. Чунин чорабиниҳо барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ, манзараҳои зебову дилрабо ва табиати нотакрор, амну суботи ҳукмфармо ва пайгири ҳамкории қавию судманд бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои об шароит фароҳам меоваранд. Ҳамчунин он барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи обу энергетика ва рушди сайёҳии кишвар мусоидат менамоянд», -изҳор доштанд иштирокдорони ҳамоиш.

Февраль 1, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад