Дар ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гардид
РӮДАКӢ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди бинои «Почта»-и ноҳияи Рӯдакӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид. Дар он аз тарафи ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 320 ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод гардид. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ Абдумаҷид Сайфуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ярмарка 178 нафар шаҳрвандони бекор иштирок намуданд. Ба шаҳрвандоне, ки касбу ихтисос надоранд, 36 намуди касбу ҳунар барои касбомӯзӣ пешниҳод карда шуд.
Дар ин рӯз ба 17 нафар шаҳрвандони бекор ба марказҳои таълимӣ ва ба 22 нафар шаҳрвандони корҷӯй ба муассисаю ташкилотҳо роҳхат дода шуд. Инчунин бо 42 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзӣ ба тариқи худмаблағгузорӣ ва шаҳодатномакунии малакаҳои касбӣ корҳои маслиҳатию машваратӣ гузаронида шуданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






