Дар ноҳияи Спитамен дастгоҳҳои обкашӣ таъмир гардида, иҷрои нақша 64 фоиз таъмин шуд

Февраль 7, 2017 16:07

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Спитамен бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар мавсими имсола то имрӯз корҳои муайянро ба сомон расонидааст.
Тавре аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли равон канали Учтеппа ба масоҳати 6 километр тоза карда шуда, айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҳамчунин ба масоҳати 39 ҳазор м3 каналу заҳбурҳо тоза гардида, дар канали Куркат ба дарозии 500 метр лӯлаҳои обгузари қутрашон 1020 мм канда ва 268 метр қубурҳои нав оварда шуда, рӯзҳои наздик насб мегарданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки айни ҳол дар ноҳия 13 адад пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дошта, дар он 28 адад дастгоҳи обкашӣ ва 13 чоҳи амудӣ мавҷуд мебошанд. То имрӯз 18 адад дастгоҳи обкашӣ таъмир гардида, иҷрои нақша 64 фоиз таъмин гардидааст.

Февраль 7, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад