Дар Сангвор Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро ҷонибдорӣ карданд
CАНГВОР, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, бо иштироки раиси ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони деҳот ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Асадулло Раҳимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфта, оид ба масъалаҳои об таклифу пешниҳодҳои судманд баён менамоянд. Боиси хурсандист, ки пешниҳодҳои Пешвои миллати мо аз тарафи СММ дастгирӣ меёбанд. Ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» заминаи мусоиди таҳкими нақши обро дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда, ба ҳамкории бештари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан сокинони ноҳияи Сангвор иқдомҳои Пешвои миллатро бо эҳсоси баланди ифтихор истиқбол намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






