Дар шаҳри Хоруғ беш аз 800 нафар дар ҷойҳои хавфнок истиқомат доранд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 185 хоҷагӣ бо теъдоди 864 нафар аҳолӣ дар ҷойҳои хавфнок иқомат доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз сабаби боришоти зиёди барф дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд шудани сатҳи хатари тармафуроӣ ҳолати фавқулода ба вуҷуд омад, ки он асосан дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷой дорад.
Аз ин сабаб шурўъ аз 24 декабри соли 2016 дар ҳудуди ВМКБ ҳолати фавқулода эълон шудааст. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ ҳамчун аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хоруғ, намояндагии Саридораи геология дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар аъзои комиссия рӯзҳои 6,7 ва 8 феврали соли равон рўйхати хоҷагиҳоеро, ки дар ҷойҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, яъне ҷойҳое, ки дорои хатари тармафароиянд, тартиб доданд.
Дар ҷойҳои хавфнок инчунин 17 нафар донишҷўе, ки аз дигар минтақаҳо дар ин ҷо иҷоранишинанд, истиқомат доштанд. Ба ҳамаи онҳо тавсия дода шуд, ки ба ҷойҳои нисбатан бехавф кўчанд.
Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода баҳри пешгирии хатарҳои тармафароӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ навбатдории шабонарўзиро ташкил дод.
Аз тарафи масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи вилоятӣ дар байни шаҳрвандони дар ҷойҳои хавфнок истиқоматдошта корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, тавсия дода шуд, ки нафарони ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хоҳиши кўчидан дошта метавонанд дар бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хоруғ худро номнавис кунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






