Дар шаҳри Роғун ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Роғун ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд. Дар он аз тарафи 10 корхонаю муассисаҳо 71 ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод гардид. Дар ин бора Сиҷоатшо Фозилов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ярмарка 94 нафар шаҳрвандони бекор иштирок намуда, 32 нафари онҳо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 6 нафарро занон ва 20 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ба 26 нафар шаҳрвандоне, ки касбу ихтисос надоранд, ба марказҳои таълимӣ барои омӯхтани касб тариқи ройгон роҳхат дода шуд.
Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Роғун барои омӯхтани касбҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ, кафшергарӣ, қаннодӣ, кор бо компютер, ҳисобчӣ ва барқчӣ шароити хуб фароҳам оварда шуда, нафарони бекасб ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






