Дар шимоли Тоҷикистон номи 15 деҳа иваз карда шуд

Февраль 17, 2017 14:05

ДУШАНБЕ, 17.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Ашту Спитамени вилояти Суғд дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент номи деҳаҳои Муғулони поён ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷомбулоқ ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба Кабудсанг, Қичиқ Шӯрнова ба Шӯроноваи хурд табдил дода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Амондара, Саразм, Косатарош ва деҳоти ба номи Халифа Ҳасан воқеанд.
Ҳамзамон дар шаҳри Конибодом ду деҳа- деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедорак табдили ном карданд. Инчунин дар ноҳияи Ашт деҳаи Қӯрғонча ба Қалъача ва Қамишқӯрғон ба Хуҷистон иваз карда шуданд. Дар ноҳияи Спитамен номи чор деҳа- деҳаи Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиё табдил дода шуданд.
Ҳадафи асосии иваз кардани номҳои маҳалҳои аҳолинишин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», эҳёи номҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, ки аз қадимӣ будани ин мавзеъҳо шаҳодат медиҳанд, ба шумор меравад.

Февраль 17, 2017 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ