Дар Спитамен Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 9, 2017 17:27

ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабар доданд, зимни ҳисоботи сардори шабакаҳои барқи ноҳия Аваз Исломов зикр шуд, ки шумораи умумии муштариёни шабакаҳои барқи ноҳия то 1 январи соли 2017 19 ҳазору 234 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2016 истифодаи қувваи барқ ҳамагӣ 108 млн 786 ҳазор кВт/соатро ташкил дода, 94,4 фоизи маблағи барқи истифодашуда ҷамъоварӣ гардидааст. Ҷиҳати истифодаи самаранок ва сарфакоронаи барқ як қатор корҳо ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, вале то ҳол қоидавайронкуниҳо дар ин самт ба назар мерасанд.
Давоми соли 2016 аз тарафи шабакаҳои барқи ноҳия 247 адад санади қоидавайронкунии истифодаи қувваи барқ ба маблағи умумии 132 ҳазору 516 сомонӣ ошкор карда шудааст.
Раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода аз бақияи қарзи истифодаи барқ, ки беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани қарздорӣ ва пурра ҷамъоварӣ кардани маблағи неруи барқи истифодашуда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба ҳозирин «Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 тасдиқ шуда, дар он шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо муайян ва масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин соҳа муқаррар гардидааст, шарҳ дода шуд.

Февраль 9, 2017 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад