Дар ҷумҳурӣ то 1 феврал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23 ҳазор тонна зиёд ангишт истеҳсол шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар ҷумҳурӣ истихроҷи ангишт аз аввали сол то 1 феврали соли равон ба 57 ҳазору 207 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 833 тонна зиёд мебошад. Захираи ангишт то 1 феврали соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи соли сипаригардида 178 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фурӯши ангишт дар ин давра ба 34,4 ҳазор тонна расонида, 53 фоизи он ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 рост меояд.
Ба иттилои манбаъ, корхонаи фаръии «Кони ангишти Зиддӣ» дар соли равон аз фаъолияти мавсимӣ ба доимӣ гузашта, истихроҷи ангиштро зиёд намуд. Ҳоло захираи ангишт дар анбор 13 ҳазору 605 тоннаро ташкил медиҳад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






