Дар Вазорати корҳои дохилӣ хотири старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадовро пос медоранд

Февраль 6, 2017 16:49

ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ, старшинаи милитсияи шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб Саюмарс Гулмадов, ки зимни наҷот додани шаҳрвандон аз зери тарма ба ҳалокат расидааст, ҷамъомад баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.
Бояд зикр кард, ки Саюмарс Гулмадов ҳангоми наҷоти одамон дар мавзеи Майхӯраи ин ноҳия зери тарма монда, ҳалок гардид.
Мавриди зикр аст, ки старшинаи милитсия марҳум Саюмарс Гулмадови 22-сола баъди адои хизмати ҳарбӣ моҳи марти соли 2016 ҳамроҳи бародараш Каюмарс ба ҳайси корманди ШКД-и ноҳияи Варзоб ба кор шурӯъ намуда буд.

Февраль 6, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад