Дастранҷи ҳунармандони тоҷик дар Франкфурти Олмон ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Панҷ созмони ҳунармандии Тоҷикистон- Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон мавсум ба «Армуғон» ва ширкатҳои «Помир Ҷевелз», «СОХСА/Озара» ва «Рухом» дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ «Ambiente», ки аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, кишвари моро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамасола дар намоишгоҳи «Ambiente» 4700 ширкат аз 90 кишвар ва тақрибан 145 000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он чандин намоишҳо гузаронида мешаванд, ки дар онҳо раванди тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконоти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меоянд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.
Габриэла Бирде, мушовири байналмилалии Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ мегӯяд: «Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ омехтаи тарроҳии қадима бо мӯди ҳозиразамон, зардӯзиҳо бо нақшҳои миллӣ, кифҳо ва аксессуарҳо аз пӯст, маҳсулоти заргарии бо сангҳои нимақиматбаҳо ороёфта, шонаҳои чӯбин, маҳсулоти дастбофт аз пашм ва маҳсулоти дигари дастиро ба намоиш мегузорад».
Нигина Икромова, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон бар он назар аст, ки «ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, намоиши зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариён мусоидат менамояд. Ман мутмаинам, ки бо зебоии маҳсулотамон меҳмонони ин намоишгоҳро ба ҳайрат хоҳем гузошт».
Мавриди зикр аст, ки МТБ соли сеюм аст, ки иштироки ҳайъати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи маъруфи ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






