Даъват аз курсантони Академия: «Дар роҳи баланд бардоштани саводнокӣ ва забондониву ҷаҳонбинӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳед»
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии курсантони Академия бо сардорони шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба кори амалӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори Академияи Вазорат Файзалӣ Шарифзода иброз намуд, ки иқдоми мазкур ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷиҳати такмили донишҳои курсантону бо кори амалӣ шинос намудани онҳо андешида шудааст.
Дар вохӯрии курсантон бо сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои гуногун оид ба нозукиҳои кор дар мақомоти корҳои дохилӣ, талаботи хизмат дар ин мақомоти бонуфуз, ҷиҳатҳои равонӣ, забондонию ҷаҳонбинии кормандони ҷавон ва таҷрибаомӯзии курсантон дар шуъбаҳои милитсия ибрози назар карда шуд.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои доғи рӯз — терроризму экстремизм ва фаъолияти равияву ҷараёнҳои тундрави хатарнок андешаронӣ сурат гирифта, курсантон бо фаъолнокиву суолу пурсишҳояшон вохӯриро хеле шавқовар карданд. Ба саволҳои курсантон, ки ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дахл доштанд, сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Турсунзода, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус ва Ванҷу Ҷайҳун посухҳои мушаххас дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорат, ки барои илму донишомӯзии насли имрӯза тамоми шароитро муҳайё намудаанд, дар роҳи баланд бардоштани малакаи саводнокӣ ва забондониву ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






