Даъват ба ҳимояи давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишвар
ДУШАНБЕ, 01.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бо иштироки Фарзона Хоҷазода, муовини Раиси шаҳр ва мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат бо афсарони қисмҳои низомӣ ва волидайни онҳо мулоқот баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикстон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳо перомуни нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии падидаҳои ифротгароёна ва таҷлили ҷашнҳои бузурги миллат, аз қабили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
Дар мулоқот афсарони қисмҳои низомиро даъват карданд, ки дар байни насли ҷавон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд, то онҳо дар ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи давлату миллати хеш ҳамеша омода бошанд.