Раиси шаҳри Конибодом донишҷӯёнро ба омӯхтани илму дониш даъват намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ зимни мулоқот бо донишҷӯёни шаҳри Конибодом, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, изҳор дошт, ки дар Соли ҷавонон роҳбарияти шаҳри Конибодом тасмим гирифтааст дар баробари кӯшишу талошҳо дар самти муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонони шаҳр, ҳамзамон ба тарбияи маънавии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Академик Акбар Турсон аз таърихи 3000-солаи шаҳри бостонии Конибодом ҳарф зада, донишҷӯёнро ба омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуд. Ҳамчунин Равшан Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки дар Соли ҷавонон донишҷӯён бояд машъалафрӯзи ҷомеа бошанд.
Раиси шаҳри Конибодом изҳори умед намуд, ки ҷавонони ватандӯст омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамоянд. Онҳо дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






