Эмомалӣ Раҳмон: «Вазъи роҳҳо дар шаҳри Душанбе таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати мамлакат қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки вазъи роҳҳо дар шаҳри Душанбе таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зеро яке аз масъалаҳое, ки дар шаҳр беҳбудӣ мехоҳад ва боиси ташвиши сокинони пойтахт мебошад, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани роҳҳои шаҳр аст.
Ҳукумат чанд сол пеш навсозии роҳи Душанбе-Ваҳдатро ба анҷом расонида, дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода» дар ҳудуди шаҳри Душанбе барқарорсозии қитъаи роҳро аз чорроҳаи хиёбони Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои замонавӣ оғоз намуд. Имсол корҳои таҷдиди қитъаи роҳ аз бозори «Корвон» то шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа шурӯъ мешаванд.
Дар доираи сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе -Чаноқ, Душанбе Кӯлоб Хоруғ — Қулма, Душанбе — Турсунзода, Душанбе -Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён ва роҳҳои Душанбе Айнӣ — Ҳисор, Душанбе Рӯдакӣ — Лоҳур беш аз 42 километр роҳҳои шаҳри Душанбе ба маблағи 270 миллион сомонӣ навсозӣ карда шудаанд.
Ба иттилои Пешвои миллат, бо вуҷуди дар даврони истиқлолият таҷдиду навсозӣ гардидани 185 километр хиёбону роҳҳо ва 123 километр роҳҳои пиёдагард, боз 550 километр кӯчаву роҳҳо ва 230 километр роҳҳои пиёдагард ба таъмиру навсозии ҷиддӣ эҳтиёҷ дошта, на ҳамаи роҳҳои шаҳри Душанбе ба талаботи шаҳри муосир ва пойтахти мамлакат ҷавобгӯй мебошанд.
«Дар шаҳр 3 корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус» ва як корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» фаъолият мекунанд, лекин бо сабаби номукаммалии идораи ин корхонаҳо, фарсуда ва кӯҳна будани нақлиёти мусофиркашонӣ, ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан ва ташкили нодурусти низоми мусофирбарӣ тариқи хатсайрҳо сокинони шаҳр ба мушкилиҳо дучор мегарданд»,- гуфтанд Сарвари давлат.
Аз 477 автобус ва микроавтобусҳои ин коргоҳҳо беш аз 200 адади онҳо корношоям буда, боқимонда дар ҳолати начандон хуби техникиву санитарӣ қарор доранд.
Аз 166 троллейбусҳои мавҷуда дар 7 хатсайр ҳамагӣ 87 адади онҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд ва 79 адад троллейбусҳо корношоям мебошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






