Фаъолияти ғайриқонунии интернет-кафеҳо пешгирӣ мешавад!
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, Раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва масъулини кор бо ноболиғони шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои пойтахт бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои шабона ба марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани ноболиғону ҷавонон санҷиши мақсаднок гузаронид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, санҷиш маълум сохт, ки новобаста ба огоҳсозию баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои дар шаб дур аз хонаву оила, дар марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо ва бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул гардидани шумораи зиёди ноболиғон дида мешаванд. Аз ҷумла, зимни гузаронидани тадбири мақсаднок кормандони милитсия фаъолияти он марказҳои бозиҳои компютериеро, ки бе ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда буданд, қатъ сохтанд. Дар натиҷаи ин тадбирандешӣ кормандони милитсия 43 нафарро барои шабона ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ машғул шудан ба шуъбаҳои милитсияи навоҳии пойтахт дастрас намуданд. 27 нафари онҳо ноболиғон буданд.
«Кормандони милитсия барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 21 нафар волидони ноболиғони дастгиршуда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ҳамчунин дар ҳузури волидон бо фарзандони дастгиршудаашон корҳои профилактикӣ гузаронида, ба онҳо талаботи қонуни мазкур фаҳмонида шуд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






