Фритс Йепсен аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ,07.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳадаф ва афзалияти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Роҳбари Барномаи минтақавии Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Фритс Йепсен дар Душанбе матраҳ гардид.
Мусоҳибон ҳамзамон атрофи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва ҳамзамон масоили марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши кишоварзӣ ибрози назар намуданд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагӣ ва азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ баён доштанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






