«Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд»-вохӯрӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
РӮДАКӢ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия бо фаъолзанон, омӯзгорон ва занону духтарони хонашин дар мавзӯи «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд» вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷамъомад оид ба масъалаи пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, худкушию худсӯзӣ, шомилшавии занону духтарон ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлидкории занону духтарон ба фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳо ва соҳибкасб намудани ҷавондухтарон суҳбат намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мақсади силсилавохӯриҳои масъулин дар ин мавзӯъ, ки дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор мешаванд, он аст, ки дар ин марҳилаи ҳассос бояд духтарон зиракии сиёсиро аз даст надода, ба расму оин ва фарҳанги қадимии миллӣ арҷ гузоранд. Ҷавонон бояд ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои тундрав шомил нагардида, шаъну шараф ва ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






