Худобердӣ Холиқназар: «Эълон гардидани Соли ҷавонон аз дурандешии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад»
ДУШАНБЕ, 02.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат аз хирадмандию дурандешии Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад»,-гуфт имрӯз зимни баргузории ҷамъомад Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди кишвар.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷамъомад ба ифтихори Соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуда, дар он кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату идораҳо, олимону коршиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат ба ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат дар дасти онҳост, шаҳодат медиҳад. Ҷавонон дар шароити феълии ҷомеаи Тоҷикистон, неруи пешбарандаи кишвар буда, фаъолият ва ҷойгоҳи онҳо дар рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст. Дар ин росто баргузории чунин ҳамоиш дар Душанбе бо иштироки ҷавонон дар такмили савияи донишу маҳорат ва баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро қисмати бештари аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил дода, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафи кишварамон мебошанд.
Ҷамъомад дар се бахш- сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти стратегии рушди давлатдории миллӣ, нақши ҷавонон дар таъмини суботу рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва нигоҳи ҷавонон ба неруи созандаи худ ҷараён гирифт. Иштирокдорони он доир ба дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва нақши ҷавонон дар таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ ва саҳми ҷавонон дар мубориза бар зидди баъзе таҳдиду хатарҳо ва зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан ифротгароию тундгароӣ ибрози назар намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






