Хуршед Икромӣ: ММТ аз воситаҳои замонавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ истифода менамояд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ Ховар/. «Марказ барои эълон ва нашри натиҷаи имтиҳонҳо ҳамасола аз воситаҳои замонавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ истифода менамояд. Соли 2016 натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл эълон гардида, оид ба иштироки ҳар довталаб дар ИМД (Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ), аз ҷумла шумораи хол ва баллҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтан, дар кабинети инфиродии ӯ маълумоти муфассал ҷой дода шуд», — зикр кард Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Хуршед Икромӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки Марказ барои дастрас кардани маълумот оид ба натиҷаи имтиҳонҳо хизматрасониро тавассути SMS-паёмаки телефонӣ низ ба роҳ монда, дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ба рақами телефони мобилии ҳар довталаб, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, SMS-паёмаки ройгон фиристод. Дар баробари ин, барои фаҳмидани натиҷаи имтиҳонҳои худ ҳар як довталаб имкон дошт, ки аз хизматрасонӣ тавассути SMS-паёмаки пулакӣ истифода намояд.
«Инчунин дар бинои Марказ бахши минтақавии он дар шаҳри Хоруғ, дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан, Данғара ва Рашт нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил гардида буд, ки довталабон имкон доштанд вобаста ба макони зисташон ба нуқтаҳои мазкур муроҷиат намуда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд», — изҳор дошт Хуршед Икромӣ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






