Иқдоми саршор аз меҳр: «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!»

Февраль 10, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҷалби волонтёрон иқдоми тарбиявии «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» ба муносибати Соли ҷавонон ва Рӯзи Модар баргузор карда шуд. Дар ин бора Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 4 гурӯҳ волонтёрон иборат аз 6 нафарӣ, бо либосҳои махсус ва рамзи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даст макет бо навиштаҷоти номи иқдом ва телефонҳои мобилӣ, аз 4 самти шаҳр-терминали Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Ҷавонӣ», бозори марказӣ ва Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба самти хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуда, бо сокинону меҳмонони шаҳр ҳамсуҳбат шуданд.

Волонтёрон ҳангоми суҳбат муқаддас будани модарро баён карда, аз роҳгузарон хоҳиш намуданд, ки бо телефони онҳо ба модари худ занг зада, суханони «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!»- ро бо меҳр ба забон оранд.
Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар сокинону меҳмонони шаҳр иштирок карданд.

Февраль 10, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд