Имзои 5 ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Раиси шаҳри Исфара ва соҳибкорон
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Расулзода, Раиси шаҳри Исфара дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» бо зиёда аз 60 нафар соҳибкорони маҳаллӣ мулоқоти озод доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, Абдумубин Файзиев, раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва содиротчиёни маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон доир ба фаъолияти давраи сипаригардида ва нақшаву ниятҳои неки ассотсиатсия маълумот дода, ҳамзамон таклиф кард, ки «дар маркази шаҳр мағозае таъсис дода шавад, ки тавассути он сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони сершумору сайёҳон ба маҳсулоти баландсифати корхонаҳои коркарди Исфара имконияти дастрасӣ пайдо намоянд».
«Дар ҷараёни мулоқот як зумра соҳибкорон дар ҳошияи қадршиносию таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба бахши соҳибкорӣ ва азми самимии фароҳамории шароити созгори вусъат бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ, бардошту андешаҳои худро вобаста ба вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рафъи баъзе аз монеаҳои мавҷуда баён доштанд»,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҷамъбасти мулоқот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар шахси Дилшод Расулзода, Раиси шаҳр ва соҳибкорони инфиродӣ 5 ёддошти ҳусни тафоҳум ба маблағи умумии 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба имзо расид.
Мулоқот ҷиҳати таъмини дастуру супоришоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳандозии муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва аз ин роҳ муайян намудани монеаҳо дар самти рушди соҳибкорӣ ба роҳ монда шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






