Иштироки беш аз ҳазор нафар корҷўй дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ

Февраль 20, 2017 15:06

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид. Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ярмарка аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» гузаронда шуд.
Мақсади ташкили ярмарка пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, бо ҷои кор таъмин намудан, бо касбомўзию забономўзӣ ва шаҳодатномакунонии касбӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ буд.
Дар ярмарка ба шаҳрвандон аз ҷониби 80 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе 2127 ҷойи корӣ пешниҳод гардид. Дар ярмарка 1010 нафар корҷўён иштирок намуданд. Аз ҷониби МД «Марказҳои машаваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе бо 326 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тартиби буду бош дар хориҷи кишвар машварат гузаронида шуда, оид ба тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, зарурати риояи қонунгузории Федератсияи Россия ҳангоми пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ва супоридани имтиҳони маҷмӯӣ ва гирифтани сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия пеш аз сафар фаҳмонида шуд. Инчунин ба корҷўён ҷойҳои корӣ дар ширкатҳои Санкт-Петербург пешниҳод гардиданд.

Февраль 20, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ