Кӯлоб: Паём маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа мебошад
ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб» вобаста ба тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, ки бештари онҳоро занон ташкил мекунанд, вохӯрӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева изҳор дошт, ки мувофиқи нишондодҳои Паём солимии миллат дар ҷои аввал меистад. Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Инчунин Пешвои миллат дар Паёмашон ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҷамъомад иштирокчиён зикр намуданд, ки Паём маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа мебошад. Мо кормандони соҳаи тандурустӣ, бахусус, занон Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати аз муомилот баровардани доруҳои бесифат саҳми худро мегузорем.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






