Коҳиши нархҳо — ҳадафи ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар Бадахшон
ХОРУҒ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар» /. Тармафуроии пай дар паи як моҳи охир на танҳо рафтуомади сокинони ВМКБ -ро бо мушкил мувоҷеҳ кард, балки нархи маҳсулоти асосии ғизоиро дар бозорҳои шаҳри Хоруғ ба тадриҷ боло бурд. Зеро роҳи мошингард ҳанӯз ба рӯи мошинҳои боркаш баста аст ва ин боиси он гардид, ки нархи маҳсулот дар бозор баланд шавад. Ба мақсади дубора коҳиш додани нархи маводи хӯрокворӣ ва то пурра боз шудани роҳи мошингард Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷамъияти «Тоҷикматлубот» тасмим гирифтанд, ки ҳафтае ду маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти маводи аввали ғизоиро дар бозори 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳ андозанд.
Азиз Басиров, яке аз сокинони шаҳри Хоруғ гуфт, ки воқеан дар чанд рӯзи охир болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, ба мисли орду шакар, равғану биринҷ, нахӯду гандум эҳсос карда мешавад.
«На ҳамаи сокинон имкон доранд, ки бо чунин нархҳо маҳсулотро харид кунанд. Баргузор кардани ин ярмарка то ҳадде тавонист аз болоравии қимати маҳсулот ҷилавгирӣ намояд. Ҳоло нархи сабзиву пиёз 2,5 сомонӣ, макарон 4,5 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, орд то ба 130 155 сомонӣ расид»,-гуфт Азиз Басиров.
Ба гуфтаи масъулини Агентии давлатии захирҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷамъияти «Тоҷикматлубот», агар сафари мошинҳои боркаш ба маркази вилояти Бадахшон ба таъхир афтад, онҳо ин ярмаркаҳоро ҳар рӯз ташкил хоҳанд кард.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






