Конибодом: Баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба ифтихори ҷашни Наврӯз
ДУШАНБЕ, 10.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Конибодом шурӯъ аз 2 феврал озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷараён дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, озмуни мазкур 7 феврал дар ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов байни деҳаҳои ҳудуди ҷамоат бо тайёрии хуби иштирокдорон гузаронида шуд. Кадбонуҳо зиёда аз 21 намуди таом, нонҳои гуногун ва хӯришу шириниҳои миллиро пешкаши ҳозирон ва ҳакамон намуданд.
Дар хотима ғолибон ва иштирокдорони беҳтарин бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.