Кормандони маорифи ноҳияи Деваштич масъалаҳои пешбурди сатҳу сифати таълимро мавриди баррасӣ қарор доданд

Февраль 11, 2017 12:04

ДЕВАШТИЧ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшида, бо ташаббускориву иқдомҳои неки бунёдкорию ободонӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор гардида истодаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» мутахассиси шуъбаи таблиғоту иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Лоиқ Тӯйчиев хабар дод, бо ҳамин мақсад, дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич семинари дастурдиҳии сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои Низомномаи шӯроҳои педагогӣ, таҳсилоти иловагии хонандагон, масъалаи муҳими пешбурди сатҳу сифати таълим ва ба нақша гирифтани чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири шуъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов таъкид намуд, ки дар амалишавии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд ва ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд. Пешрафт ва рушди ҷомеа маҳз аз мақому манзалати омӯзгор ва сифати дониши хонандагон вобастагӣ дорад.
Робита ба ин Зикрулло Иброҳимов изҳори умед намуд, ки устодон ва толибилмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мактабу маориф қувваю неруи маънавии худро ҳарчӣ бештар роҳандозӣ менамоянд.

Февраль 11, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ