Коррупсия ба пешрафти ҷомеа ва рушди он латма мезанад

Февраль 17, 2017 15:05

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дарси хизматӣ дар мавзӯи «Пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар машғулияти хизматӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
ВКД корупсияМуовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода иброз дошт, ки мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.
Полковники адлия Қудбиддин Сафарзода доир ба ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишварҳои гуногуни дунё, мубориза ва пешгирӣ бо ин амали номатлуб изҳори андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки коррупсия ба пешрафти ҷомеа, рушду нумуи он латма мезанад, сатҳи беҳдошти мардумро паст месозад. Агар ҳар як фарди ҷомеа ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам хоҳанд гашт. Дарси хизматӣ дар сатҳи баланд доир гардида, маърӯзачиён ба саволҳои кормандони милитсия посухҳои мушаххас доданд.

Февраль 17, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд