Маҳадмумин Тағоев: «Ҷавонон дар меҳвари сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби он, ки қишри асосии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил мекунанд, онҳо дар меҳвари сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин нуктаро Маҳадмумин Тағоев, муовини декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, зимни ҷамъомаде, ки бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гардид, баён дошт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад намояндагон аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва устодону донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
«Воқеан дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мо ҷавонон тақозо менамоянд, ки дар боло бурдани савияи донишҳои замонавии хеш, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хос дошта бошем»,- зикр кард Маҳадмумин Тағоев.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли ҷавонон, ки ба хотири таҳким бахшидани неруи ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидаст, барномаҳои муштарак тарҳрезӣ шудаанд. Ҷиҳати фаъолгардонии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо дар 105 бахши факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 118 маҳфили ҷамъиятӣ- илмии донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки ҷавонон метавонанд дар онҳо малакаю маҳорати худро рушду такмил диҳанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






