Маҳали аҳолинишини «Даштак» ба деҳа табдил дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ба маҳали аҳолинишини «Даштак»-и ноҳияи Шуғнон мақоми деҳа дода шуд. Дар ин росто, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҷониборӣ намуданд.
Маҳали «Даштак», ки акнун мақоми деҳаро гирифт, дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон воқеъ буда, аз 137 хоҷагӣ иборат аст ва дар он беш аз 800 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Дар деҳаи Даштак 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, даҳ нуқтаи савдо, ду нуқтаи хизматрасонии телефонӣ, шуъбаи алоқа, хонаи фарҳанг, китобхона, оҷонсии «Амонатбонк»-и ноҳияи Шуғнон, нуқтаи хизматрасонии ширкати «Помир Энерҷӣ» ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд.
Ба деҳа табдил додани маҳали аҳолинишини «Даштак» зарурати воқеист, зеро бо сабаби номи алоҳида надоштани ин маҳал барои гузаронидани маъракаҳои сиёсӣ, аз қабили раъйпурсӣ, интихобот инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва оммавӣ душвориҳо пеш меомаданд.
Баъди ба деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини «Даштак» ин мушкилот аз байн меравад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






