Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» ҷавонони фаъолро интизор аст
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон нақша дорад дар доираи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат»- ро ташкил намояд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳфили омӯзишии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» барои тарбияи ватанпарастии ҷавонон нигаронида шуда, он бо мақсади фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон доир мегардад.
Маҳфили мазкур 3 моҳро дар бар гирифта, дар фарҷом иштирокчиён соҳиби сертификат мешаванд.
Дар маҳфили омӯзишӣ ҷавонони фаъолу ташаббускори манотиқи ҷумҳурӣ метавонанд иштирок кунанд.
Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» бахшида ба Соли ҷавонон роҳандозӣ шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






