Масъалаи хушунати хонаводагӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар ноҳияи Темурмалик баррасӣ гардид
ТЕМУРМАЛИК, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ, бахши дин ва дигар сохторҳо оид ба мавзӯи «Хушунат дар оила ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон» ҳамоиш баргузор кард. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Дар ҳамоиш ҷавонон, роҳбарони корхонаю ташкилот ва фаъолон иштирок намуданд. Зикр шуд, ки хушунати хонаводагӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошанд.
Аслиддини Айниддин, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияи Темурмалик баён дошт, ки волидайн ва аксари шаҳрвандон аз ҳалли ин масъалаи доғи рӯз канораҷӯӣ карда, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавонро ба дӯши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва суду прокуратура вогузор мекунанд. Ба ақидаи ӯ, сабаби асосии ҷудошавии олиаҳои ҷавон- ин тарбияи нодурусти ҷавонон, бармаҳал ба шавҳар додани духтарон ва никоҳ бо хешовандони наздик мебошад.









«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






