«Мегафон» шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Мегафон» шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид. Дар ин бора ФФТ шартномаи худро то охири мавсими соли 2017 ба имзо расонд.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, дар ҳузури ноиби президенти ФФТ Хуршед Мирзо ба ин санади ҳамкорӣ директори Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори иҷроияи ширкати «Мегафон» дар Тоҷикистон Денис Никитин имзо гузоштанд.
«Футболи касбиро дар Тоҷикистон дастгирӣ кардан ҷанбаи иҷтимоии сиёсати ширкати мо мебошад. Тибқи ин шартномае, ки имрӯз ба имзо расид, мо ният дорем кумаки назарраси худро ба ФФТ расонем»,-гуфт директори иҷроияи ширкати «Мегафон» дар Тоҷикистон Денис Никитин.
Барои ин ҳамкорӣ аз ҷониби ФФТ директори Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов изҳорӣ минатдорӣ карда, гуфт: «Хеле шодем, ки чунин шарики боэътимоде дар симои ширкати «Мегафон» пайдо кардем ва ҳамкории мо тӯлонӣ хоҳад буд».
Мавсими соли 2017 аз нигоҳи сарпарастӣ барои ФФТ нисбат ба солҳои пешин фарқкунанда аст. Ченде пештар ширкати «Лото Спорт» ҳам шартномаашро бо Лигаи футболи Тоҷикистон ба имзо расонид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






