ММТ: Ба нақшаи қабули донишҷӯён тағйирот ворид гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва 14 ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, ба нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи техникӣ якчанд ихтисосҳои нав илова шуд.
Тибқи иттилои сомонаи Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсоне, ки бо истифода аз нусхаи чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ихтисосҳоро аз ин ду донишгоҳ интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бо тағйиру иловаҳои мазкур тавассути сомонаи Марказ шинос шаванд.
Рӯйхати ихтисосҳо, ки дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шакли чопӣ истифода карда мешаванд, бо назардошти тағйиру иловаҳои зикршуда омода гардидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






