ММТ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинари омӯзишӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи тадбирҳо оид ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018 аз 6 то 17 феврали соли равон семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсади семинар омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2017 мебошад.
Семинари омӯзишии кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ тибқи барнома ва модули тасдиқгардида баргузор гашта, дар асоси озмуни Марказ беҳтаринҳо интихоб ва ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, барои иштирок дар ин семинар ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 275 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд, ки аз ин шумора вобаста ба таҳлил ва санҷишҳои пешакӣ 261 нафар барои иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд.
Семинари мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир гардида, пас аз баргузории курсҳо ва имтиҳони иштирокдорон 180 нафар ба кори муваққатӣ ҷалб мешаванд. Фаъолияти бақайдгирандагони интихобшуда аз 1 марти соли равон шурӯъ мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






