«Моҳпайкари Наврӯз»- дар ноҳияи Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ, 17. 02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даври аввали Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Моҳпайкари Наврӯз» доир гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, фестивал бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли ҷавонон гузаронида шуд.
Дар фестивал ҷавондухтарони ҷамоат фаъолона иштирок намуда, тарзи дурусти аз бар намудани либоси миллиро бо завқу маҳорати баланд пешкаши ҳайати ҳакамон ва дигар иштирокчиён намуданд. Шартҳои асосии фестивал шинаму зебо будани либос, инъикос шудани нақшу нигори миллӣ, тахайюлоти эҷодии тарроҳ ва аз матои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва алоча омода шудани либос мебошад.
Фестивал дар ду давр сурат гирифта, даври аввал бо муайян намудани беҳтаринҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷҳо, ҷамоатҳои деҳот доир гардида, ғолибон ба даври дуюм, ки дар маркази ноҳия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Ташаббускорони фестивал ҳадафи барномаи фарҳангиро намоиш додани ҳунари волои тарроҳон ва ба ин васила тарғиб намудани либосҳои миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳангӣ маънидод карда, зикр намуданд, ки даври ҷамъбастии фестивал дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар шаҳраки Сомониён натиҷагирӣ мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






