Муҳокимаи «Натиҷаҳои Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2016»

Февраль 8, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар ҳамдастӣ бо Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор менамояд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъомад оид ба мавзӯи «Натиҷаҳои Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.
Ҷамъомад 24 феврали соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат доир мегардад.

Февраль 8, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд