Муовини сарвазири Туркия барои иштирок дар ҷаласаи байниҳукуматӣ ва бизнес-форум ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия ва баргузории ҷаласаи байниҳукуматӣ ҳафтаи оянда ҳайати баландпояи Туркия таҳти сарварии муовини сарвазири ин кишвар Тугрул Туркеш ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар доираи сафари ин ҳайат 16 феврал дар шаҳри Душанбе бизнес-форум ва мулоқоти b2b Тоҷикистон-Туркия баргузор мегардад. Дар ин бора аз Намояндагии «Expo Central Asia» дар Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бизнес-форум ва мулоқоти b2b 16 феврал соати 11.30 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори DEIK, Шӯрои муносибатҳои иқтисодии Туркия, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар форум намояндагони 50 ширкати Туркия ва чанде аз ширкатҳои Туркия, ки ҳоло дар Қазоқистон ва Қирғизистон фаъолият мекунанд, ширкат хоҳанд кард. Дар форум аз ҷониби Тоҷикистон наздик ба 400 нафар соҳибкорон иштирок менамоянд.
Пас аз суханрониҳои расмии намояндагони ҳарду давлат миёни соҳибкорон мулоқоти b2b сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳайати Туркия намояндагони ширкатҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ, мӯд, маҳсулоти сохтмонӣ, логистика, маҳсулоти ороишӣ (косметикӣ) , маҳсулоти заргарӣ, ИТ-технология, маводи хӯрокӣ ва нӯшокиҳо, бахши хизматрасонӣ, масолеҳи банту басд шомиланд.
Маврид ба зикр аст, ки Туркия яке аз 16-умин минтақаи калонтарини иқтисодӣ дар ҷаҳон, бо 1 триллион доллар Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ва 400 миллиард доллар гардиши савдои хориҷӣ маҳсуб ёфта, дар соҳаи сайёҳӣ миёни давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 6-ум аст.
Ёдовар мешавем, ки гардиши савдо миёни Тоҷикистону Туркия ду сол қабл зиёда аз 650 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекард. Бо сабаби таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ он соли гузашта 350 миллион долларро ташкил дод. Интизор меравад, ки солҳои наздик гардиши савдо миёни ду давлат то ба 1 миллион доллар расонида шавад.
Ташкилкунандагони бизнес-форум ҳамаи соҳибкорони Тоҷикистонро барои иштирок ва бастани робитаҳои тиҷоратӣ даъват мекунанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






