Мусодираи 12,9 тонна маҳсулоти қаннодии муҳлаташ гузашта аз анбор
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик зимни чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯи дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз анборҳои нигоҳдории маҳсулот дар пойтахт, ки ба соҳибкори инфиродӣ Ю. И. мутааллиқ аст, наздик ба 13 тонна маҳсулоти қаннодии санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол надоштаро мусодира намуданд.
Тибқи хулосаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе маҳсулоти дарёфтшуда ба талабот ҷавобгӯй набуда, муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта шуда, бӯи маҳсулоти кӯҳнашударо дорад ва ба талаботи тиббию биологӣ ва меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ нест. Инчунин тамға ва нишонагузорӣ нашудааст ва истеъмоли он ба саломатии истеъмолкунандагон хатар дорад.
Аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳолат санҷиш идома дорад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






