Н. Ҳикматуллозода бо А. Гасанов баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ карданд

Февраль 8, 2017 12:12

ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аббосалӣ Гасанов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот, барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкори судманд намуданд.
«Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баён доштанд»,- хабар дод манбаъ.

Февраль 8, 2017 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд