Нақшаи амалҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои низоъ дар марз таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик нақшаи амалҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои низоъ дар марз таҳия мегардад. Ин дастур аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Мирбек Қосимқулов, ки чанд рӯз пеш дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, ба намояндагони мақомоти марзбонии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон дода шуд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, зимни мулоқот роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо доир ба вазъ дар марзи давлатӣ ва дигар ҳудудҳои берунаи қаламрави ИДМ табодули назар намуда, дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни гуфтушунид ба масъалаи тадбирҳои муштараки дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва ҳаллу фасли вазъҳои мухолифатомез дар марз низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст.
Роҳбарони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон барои нигаҳдориву густариши робитаҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ, зарурати баргузории тадбирҳои гуногуни муштарак миёни ҷавононро таъкид намудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






