Намоиши ҳунарҳои миллӣ дар Ашт

Февраль 17, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт намоиши ҳунарҳои миллӣ дар мисоли адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва кандакорӣ доир гардида, ҳунармандони ҷамоат маҳсулоти худро намоиш доданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ бо сокинон, раисони маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ семинари машваратӣ гузаронида шуд. Ҷамшед Маҳмудзода зикр кард, ки имрӯз мақомоти ноҳия мекӯшад, то сокинонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Руссия, бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ибрози андеша намуд.

Февраль 17, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад