Нашри китоби раиси Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон-Қазоқистон»
ДУШАНБЕ, 01.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Қазоқҳои Тоҷикистон» /Казахи Таджикистана»/- таҳти чунин унвон нашриёти «Истеъдод» китоби донишманди тоҷик, устоди кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Абдусаттор Нуралиевро ба забони русӣ нашр намуд. «Қазоқҳои Тоҷикистон» китоби илмӣ -тадқиқотӣ буда, дар бораи зиндагӣ, урфу одати қазоқҳо ва дӯстиву ҳамзистии мардумони тоҷику қазоқ нақл мекунад. Абдусаттор Нуралиев дар навиштани китоби «Қазоқҳои Тоҷикистон» ба маълумоти пурарзиши таърихию фарҳангӣ бештар такя намудааст.
Тибқи тадқиқоти илмӣ зиндагии қазоқҳо дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон дорои таърихи 500 сола буда, алҳол то ду ҳазор қазоқҳо дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд.
Китоби «Қазоқҳои Тоҷикистон» ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шудааст.
Абдусаттор Нуралиев- доктори илмҳои филологӣ буда, алҳол дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба ҳайси устод фаъолият дорад. Абдусаттор Нуралиев дастпарвари Донишгоҳи давлатии Қазоқистон дар соли 1968 мебошад. Солиёни тӯлонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси устод ва дар вазифаи декани факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Мавсуф муаллифи 24 китоб ва беш аз 120 мақолаҳои илмӣ буда, алҳол раисии Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон Қазоқистон»-ро ба уҳда дорад.
Бояд тазаккур дод, ки мардумони тоҷику қазоқ аз қадимулайём дар як ҳавзаи ҷуғрофӣ- Осиёи Марказӣ дар асоси арзишҳои дӯстиву рафоқат ва бародарӣ кору зиндагӣ менамоянд. Арзишҳои дӯстиву бародарӣ ва равобити судманд байни мардумони тоҷику қазоқ дар замони муосир маҳз бо саъю талошҳои пайгиронаи сарварони ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев густариш ёфта, ба марҳилаи нав ворид гардидаанд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






