Никоҳи Фузулӣ хилофи мазҳаби мост!
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ “Ховар”/. Дар фиқҳи исломӣ масъалаи никоҳ, танзими умури оилаву хонадорӣ ва ҳуқуқҳои зану шавҳар дар қатори мавзўъҳои калидӣ қарор дорад. Яке аз бандҳои муҳим дар ҷадвали табақабандии ин ҳукми шаръӣ никоҳи фузулӣ мебошад. Мутаасифона, ин масъалаи фаръӣ ва фиқҳӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ва динию фарҳангии кишвари мо як зуҳури тоза касб карда истодааст. Аз ин ҷиҳат, зарур аст, ки сокинони ҷумҳурӣ дар бораи никоҳи фузулӣ, пайдоиш ва ворид шудани ин истилоҳи фиқҳӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ огоҳӣ дошта бошанд.
Пас шахси фузулӣ кист, ҳукми он шахс дар анҷом додани ақди никоҳ аз нигоҳи фиқҳӣ чист ва чӣ натиҷа ба бор меоварад? Шартҳои дуруст ё нодуруст будани никоҳи фузулӣ дар чӣ ифода меёбад ва оё шахси фузулӣ ҳаққи бекор кардани ақди никоҳро пеш аз иҷозат додани валӣ дорад?
Бояд зикр шавад, ки никоҳи фузулӣ яке аз масъалаҳои ихтилофӣ дар байни донишмандони фиқҳи исломӣ буда, мавқеи соҳибназарони мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат доир ба дарёфти роҳҳалҳои он гуногун аст. Маънои вожаи “фузулӣ” дар баёни забонии он чунин аст: “Он ки дар коре, ки ба ӯ марбут набошад, дахолат намояд” ва “он ки дар кори дигарон беҷо дахолат кунад”. Аммо ҳамчун истилоҳи фиқҳӣ никоҳи фузулӣ ҳамон аст, ки бе иҷозати ваколати зан ва мард ё яке аз он ду шахси сеюм масъалаи ақди никоҳи онҳоро анҷом диҳад.
Дар асоси муқаррароти фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ ва мазоҳиби дигари аҳли суннат ва ҷамоат дар чунин шакл бастани ақди никоҳ амали бидъат ва хилофи меъёрҳои шаръӣ дониста мешавад, ки ногузир паёмадҳои манфӣ барои хонавода ва ҷомеа ба бор меоваранд. Аслан мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ бе ризоияти писару духтари ҷавон бастани никоҳро дуруст намедонад. Гуфтан ба маврид аст, ки ризояти зан дар ақди никоҳ, пеш аз ҳама, муҳим аст ва агар зан нахоҳад он ақди никоҳ ҷоиз нест. Фақеҳони ҳанафӣ дар ин маврид ҳадиси зеринро ҳамчун далел ёдовар мешаванд: “Аз Хансо бинти Хидом ал-Ансорӣ ривоят аст, ки ўро падараш ба занӣ дод. Пас Хансо он издивоҷро напазируфт ва ба назди Пайғамбар (с) омаду гуфт: “Эй Пайғамбари Худо, ҳамоно падарам маро ба занӣ дод ва ман намехоҳам”. Сипас Пайғамбари Худо (с) никоҳи падарашро рад кард”.
Дар фазои ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми масъалаҳои марбут ба оиладорӣ ва бастани номаи никоҳ дар асоси қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда шудааст. Вале ҳолатҳои дахолати монанд ба муқаррароти никоҳи фузулӣ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби миёнаравии куҳансолон ба мушоҳида мерасад, ки хилофи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар давлати Тоҷикистон мебошанд. Шояд яке аз сабабҳои зуҳури ин падида муддати тўлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ боқӣ мондани волидайни ҷавонон бошад. Ҳолатҳое рўй додааст, ки баъди огоҳӣ ёфтани волидайн ё баргаштани онҳо аз мусофирати меҳнатӣ ин тарзи муносибат дар бастни никоҳ боиси ҷанҷолу нооромӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон гардидааст.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки насли ҷавон дар масъалаи ақди никоҳ ва муносибатҳои оиладорӣ тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи кишвари соҳибистиқлоламон амал менамоянд ва дониста бошанд, ки ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҳуқуқҳояшонро дар ин самт ҳамаҷониба ҳимоят мекунад.
Мутеъуллоҳ НАҶОТЗОДА,
муовини директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадӣ НАБОТОВ,
сармутахассиси Шуъбаи пажўҳиши фиқҳи
исломии Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






