ОҲИСТА: ТАРМА! Дар Бадахшон бориши шадиди барф ба амал омад

Февраль 15, 2017 17:26

ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурўъ аз нимаи аввали рўзи 14 феврал дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон боришоти шадиди барфи тар ба қайд гирифта шуда, то ҳанўз идома доранд. Азбаски ВМКБ асосан минтақаи кўҳистон аст, фаромадани тарма дар мавзеъҳои мухталифи он боиси баста шудани роҳҳои нақлиётгард гардид. Дар ин бора Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Раиси ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
То соати 14:30-и рўзи 15 феврал дар қисматҳои гуногуни шоҳроҳи Душанбе-Кўлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқурум, аз ҷумла мавзеъҳои Оташак ва Хехики ноҳияи Ванҷ, Қалоти ноҳияи Рўшон, километрҳои 574, 583, 592, 638 ва 662-и ноҳияи Шуғнон тармаҳои гуногунҳаҷм ба қайд гирифта шудаанд.
Бар асари тармафароӣ роҳҳои самти Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим баста гардида, танҳо ба як самт-ноҳияи Роштқалъа роҳ кушода аст.
Вобаста ба ҳолати баамаломада дар вилоят ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, вазъият таҳти назорати қатъии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.
Ҷиҳати пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди вилоят қарор карда шуд, ки дар роҳҳои самти Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим аз ҳисоби нозирони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дидбонгоҳҳои иловагӣ ташкил карда шаванд, то ҳаракати ҳама гуна нақлиётро дар ин самтҳо маҳдуд намоянд.
Сарфи назар аз он ки боришоти пуршиддати барф садди роҳи тоза кардани тармаҳо гардидааст, техникаҳои роҳнигоҳдории Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят ва ноҳияҳо, КВД «Бадахшонроҳсоз», шуъбаи Агентии беҳдошти замин дар вилоят дар ҳолати омодабош қарор дошта, бо даст додани аввалин имконият тозакунии тармаҳо оғоз хоҳад гашт. Ҳамчунин аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ ва сохтмонии ҳудуди вилоят низ дар асоси шартнома техникаҳои иловагӣ ба ин кор ҷалб карда мешаванд.
Бо вуҷуди боришоти зиёд ва маҳкам гардидани роҳҳои мошингард дар маҷмўъ вазъият дар шаҳру навоҳии вилоят мўътадил буда, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо низоми муайян фаъолият доранд. Ба хотири пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят, ки дар мавзеъҳои хатарнок ҷойгиранд, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни дарсҳо то анҷоми боришот маҳдуд карда шуд. Нархи ҳама гуна маҳсулот дар бозор мўътадил буда, дар самти дастрасӣ ба маҳсулоти ниёзи мардум ягон душворӣ пеш наомадааст.
Дар баробари бозору мағозаҳо, ҳамчунин аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар анборхонаҳои он миқдори зарурии маводи мавриди ниёзи аввал захира гардида, дар гўшаҳои махсуси бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бо нархи дастрас ба фурўш гузошта шудаанд.
Умед аст, ки ин мушкилоти муваққатӣ, ки аз ягон кас вобастагӣ надошта, қонуни нонавиштаи табиат аст, бо пайдо шудани аввалин имконият бартараф гардида, ҳаёти сокинони ин минтақаи кўҳистони кишвари соҳибистиқлоламон бо маҷрои муайяни худ идома хоҳад ёфт.

Февраль 15, 2017 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!