Об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об» ҷамъомад доир гардид.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Диловар Қодирзода оид ба ташаббусҳои Роҳбари давлат дар самти истифодаи захираҳои об иброз дошт, ки Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ, ҳадафҳои Даҳсола, таваҷҷуҳи баланд ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалигардонӣ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегирад.
Корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзода Қаюмова атрофи натиҷаҳои таҳқиқот дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ибрози ақида намуда, талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баррасии масоили вобаста ба об арзишманд арзёбӣ намуд. Ӯ пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро қобили таваҷҷуҳи ҷомеаи башарӣ донист.
Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар ин давра аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






