Қодири Қосим Раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардид. Дар он аъзои Раёсат ва аъзои Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба иштирок намуда, масъалаҳои ташкилӣ ва ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар қисмати ташкилӣ аризаи собиқ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина бинобар ба кори дигар гузаштанаш шунида шуд ва бо овоздиҳии кушода ҷонибдорӣ ёфт. Сипас, номзадии Қодири Қосим, собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсат ва аъзои Шӯро ба вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод гардид. Баъди интихоби Раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касаба масъалаҳои корӣ, аз ҷумла, рафти иҷрои буҷети Федератсияи иттифоқҳои касаба дар соли 2016, дар бораи тасдиқи буҷети Федератсияи иттифоқҳои касаба дар соли 2017, инчунин нақшаи чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касаба доир ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбат ба ҳар кадоми ин масъалаҳо қарори дахлдор қабул гардид. Ҳамзамон котиби Шӯрои ҷамъиятӣ Нуралӣ Саидов доир ба нуктаҳои муҳиме, ки дар маърӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба мақом ва нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар демократикунонии ҷомеъа» иброз гардида буданд, гузориш манзур намуд. Дар кори ҷаласаи ин созмони бонуфузи ҷамъиятӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуда , дар охири маҷлис оид ба иҷрои нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, суханронии ӯ дар мулоқот бо фаъолону масъулони шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонии пойтахти кишвар, инчунин вазифаҳои иттифоқҳои касаба дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар охир Раиси тозаинтихоби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Қодири Қосим ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ин ниҳоди ҷамъиятӣ изҳори ташаккур карда, ба Салимзода Шерхон Одина барори кор хост ва ҳозиринро доир ба дурнамои фаъолияташ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ шинос намуд.
Маълумоти АМИТ «Ховар»
Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи ( ҳоло Донишгоҳи) кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси «агроном» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси агрономи совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ шуруъ кардааст.
Минбаъд дар вазифаҳои сарагрономи совхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи вилоятии Комсомоли Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, Раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали Раиси ВМКБ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси ВМКБ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
20 феврали соли 2017 Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






